Маҳорати тасвирбардорӣ

Шурӯъ аз субҳи имрӯз (13.10.21) дар “Академия ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои тасвирбардорони шабакаҳои телевизионии кишвар (наворбардорони студявӣ ва ПТС) дар мавзӯӣ “Асосҳои маҳорати тасвирбардорӣ” оғоз гардид. Мутобиқи нақшаи кории Академияи ВАО машғулияти навбатӣ аз 13-ум то 22-юми октябри соли 2021 ҳамарӯза аз соати 900 то 1200 дар толори китобхонаи Академия баргузор мегардад. Машғулияти  мазкур  барои  такмили  донишҳои  амалӣ ва  назариявӣ равона шуда, онро устоди собиқадори соҳа Рустам Очилдиев ба иштирокдорон меомӯзонад.

Илова намудан ба маврид аст, ки аз рӯзи аввал иштироки шунавандагон дар машғулият фаъолона буда, аз ҳамаи шабакаҳои телевизионии марказӣ кормандони соҳаи тасвирбардорӣ ширкат доранд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.