Мақолаҳо

Зӯри мушт аз ваҳдати ангушт меояд ба даст…

(Назаре чанд оид ба масоили муноқишаҳои марзии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон)

Саҳифаҳои рангини рӯзгор ва равиши зиндагӣ ҳикмату ифодаҳои мантиқии ин дурдонагуфторро дар ҳар давру замон ба шаклу сурате татбиқ менамояд, ки хулосаи интиҳояш аз ибтидо то ба интиҳо мазмуни «Об агар садпора гардад боз бо ҳам ошност»-ро фарогир мебошад. Васлу пайдарҳамӣ ва авлавияту устувории гуфтаҳои ҳамдиливу ҳамраъӣ, сарҷамъиву иттиҳод ва рафоқату баҳамомаданҳо аз равзанае об мехӯранд, ки интиҳояш моро ба суйи сулҳу субот ва дастёбии Ваҳдату якпорчагии сартосарӣ раҳнамун месозад.

Гузашти ду даҳаи соҳибдавлатии навин бо назардошти марҳилаҳои душвори замон садоқату дӯстдорӣ ва меҳру муҳаббати ватандӯстии мардумро ончунон шаклу такмили устувор бахшид, ки натиҷаи воқеъияташро давоми чанд рӯзи охир бар асари ғасбу муноқишаҳои марзии ҳамсоякишвар, яке бо иҷрои рисолат, қисме бо сухану гуфтор ва дигаре бо қурбонии ҷавонмардона амалу талоши бештар карданд.

Бо иктифои муқаддимаи масоили мавриди назар, мухотаби тафсилотии муҳими дигар ин аст, ки миллати босаодати тоҷик аз рӯзи азал на танҳо дар минтақаи Осиёи Миёна ҳамчун қавму қабилаи босаодату накугавҳар, балки дар саросари олам ба сифати як миллати дорои фарзона фарзандони накӯноми шуҳратёр шинохтаву дорои эътибори ҷаҳониён гардидааст.

Ҷойи ифтихору сафарозии махсус аст, ки агарчи бунёди Кохи нурбахши НОБ-и «Роғун» бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбу вуҷуди мардуми диёр ваҳдату ҳамдилии бунёдиро эҷод карда бошад ҳам, вале натиҷаҳои воқеъии поси хотири ҳифозати сарзаминамонро давоми чанд рӯзи охир дар фазои интернетӣ, таҳти шиору хитобаи дурбинонаи Сарвари накуномамон «Тоҷикистон ба пеш»-ро амалан дар якҷоягӣ шоҳиди ҳол гардидем, ки ин рафтору кирдори ифтихорӣ таҳсин ба ҳамватанонамони азизамон аст.

Масири зиндагӣ ва далоили таърих дар масъалаҳои буду бош ва сукунати ду миллати ҳамҷавор бо ҳама мадорику арзишҳои бунёдӣ собит намудааст, ки ин манотиқи даргири марзӣ, ки дар ҳудуди вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Бодканди ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир мебошанд, тобеъи кишвари мову ҳаққи тоҷикон асту ва то абад хоҳад монд. Албатта барои хонандаи закӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоиву маълумоти расмӣ пайдост, ки масъалаи аламотгузории хатти марз ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ муаян гардидаву, барои як вақти муввақат бинобар мушкили обу замин ҷониби Тоҷикистон ин гӯшаи диёрашро бахри эхтироми ҳаққи ҳамсоядорӣ ба мардуми қирғиз пешкаш намуда буд.

Дар робита ба ин, бо назардошти асноди муаяншудаи мантиқӣ мазмуни суханронии Пешвои муаззами миллат, зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд басандаву ва як навъ ҳушдорсозии қотеъонаи Сарвари мо ба кулли моликони бонуфузи минтақаву ҷаҳон буд. «Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Зеро масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд». Илова бар ин, сар аз нимаи дуюми 29-уми апрели соли равон тариқи суҳбатҳои телефонии Пешвои муаззами миллат бо роҳбарони кишварҳои минтақа аллакаи алангаи оташи ҷанг хомӯшу ҳайтҳои расмӣ сари мизи музокироти гуфтугӯ бо ҳам нишастанд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати сарбаланди тоҷик аз ибтидо то ба ҳанӯз дар мавриди ҳалли ҳама гуна мушкилоту носозиҳои манофеъи миллӣ таҳамулпазиру босаодат ва дорои фарҳанги гиро мебошад. Масири рӯзгор ва саҳфаҳои гуногуни давлатдории мо дар чанд ҳолатҳои дигар ба муноқишаи душманони даруниву кишварҳои ғаразнок рӯ ба рӯ шиданро низ борҳо собит намудааст. Вале дар ҳама ҳолат раҳнамову раҳнаварди мо ана ҳамон донишу хирад ва фазлу гавҳари бунёдиамон мебошад, ки моро то ба ҳанӯз пешсафу пешкор ва намунаи ибрати ҳамагон гардонидааст.

Муноқиша ва даргирии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели соли равон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир табли душманони моро гармтару чеҳраашонро рушантар гардонид. Ин ҳам дар ҳолест, ки Кабирии ватанфурушу Шарофиддини бешпраф бо чанде аз гуфтори бемояву бемантиқи худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мехоҳанд доманаи ин муноқишаҳои ноҷоро васеътару печидатар намоянд. Вале эй хоинони миллат, дигар ягон ҳарфу амалатон боиси тағйиру дигаргун шудани мавқеъи мардуми босаодати тоҷик шуда наметавонад. Зеро аз хурд то ба солхурдатарин мардуми диёр бо таваҷҷуҳу ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат, имрӯз ҳамагӣ аз як гиребон сар бароварда дар ҳифозату ҳимояи сарзамини аҷдодиянду то абад содиқ хоҳанд монд…. Ин нуктаи мантиқиро ҳамагон хеле хуб медонанду ва бо ҷамъи ҳамроҳонатон ҳам дониста бошед, ки аз азал то ба ҳанӯз ҳар ғосибу нохалаф ва ҳар душмани нотавонбине, ки ба ин сарзамини покгавҳар дастдарозиву хости тамаъ намуд, ба чӣ ҳолати ногувору шикасти шармандавор рӯ ба рӯ гардидааст.

Паҳлуи нуктаи аслии мавриди назари дигар ин аст, ки давоми си соли соҳибистиқлолии кишвар тақвияти ватандориву ватандӯстии мо тоҷикон зери як чатри мустаҳкаму устувор ва мактаби давлатдории навини Пешвои миллат ончунин рушду такомул ва тарбияту вораста гардид, ки натиҷаи судоварашро ҳамаги дар ин чанд рӯзи муноқишаҳои умдаи марзӣ бо чашми сар дидему бо ғайрату ғайюриашон низ офарину таҳсини ифтихорӣ ҳам гуфтем. Вале болотар аз ҳама ҳикмати ноёбу мавқеъи ваҳдатофари дигари миллиамон ин нуҳуфтани ана ҳамон неруи устувору руҳияи шикастнопазири ғурури ниёгонамон ҳаст, ки имрӯз бо ҳама тавонмандиву сарсупурданҳои замон ба ҷисму тани ҳар яки мо аз нав омезиш ёфтаву аз ҳарвақтаи дигар қавитару ҷилвагар мегардад.

РS: Миллати босаодати мо дар ҳама давру замон ҳалли ҳама гуна ҷангу ҷидол ва қасду хушунатро бо роҳи таҳамулпазириву хирадгароӣ ва ҳифозати эҳтироми ҳамдигар амалӣ намудаву соҳиби мартаба ва эътибори оламиён гардидааст. Эътимоди қавӣ аст, ки ин навбат ҳам самараи татбиқи чунин таҷрибаҳои пешқадами миллиамон моро ба натиҷаҳои умедбахшу комёбиҳои намоён муваффақ хоҳад гардонид.

Каримзода Ҳақназар Изатулло,

муовини директори

«Академияи ВАО-и Тоҷикистон»

Дар ҷустуҷӯи биҳишт

Инсоният аз оғози олами ҳастӣ, дар ҷустуҷӯи чизи навин, ва дасти зебоиофару чашми возеҳбин мебошад. Чунки чашми инсон ҳамеша муҳити зеборо дидан мехоҳад. Чашм мебинаду пой майли рафтан мекунаду дил бошад, аз худ як ҳисси шодиро паҳн мекунад, ки бадан аз он ҳаловат мебарад. Замоне ки хӯрд будам. Модарам ҳамеша дар бораи чӣ қадар табиати зебо доштани кишварҳои бонуфузи олам, қисса мекарданд.

Имрӯзҳо ҳақиқати ин суханҳоро дар ҳар қадам дар сарзамини зебоиҳо, ки онро ном Тоҷикистон аст мушоҳида мекунам. Ин ҳақиқат дорад, ки дар сарзамине ки ту ба дунё омадаӣ, он макон ба димоғат ҳамеша бӯи биҳиштро меорад. Лекин талош аз худи инсон аст, ки сарзаминашро ба боғе аз боғҳои биҳишт табдил диҳаду мардумонаш чун биҳиштиён хушбахт бошанд.

Ин талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз барои истироҳати хубу бо фароғати мо ҷавонон боғҳои хурду бузурге аз қабили Ҷавонон, Кули Ҷавонон, Курӯши Кабир, Хаём, Алишери Навоӣ, Ирам, ва дигарон дар ҳар гӯшае аз пойтахти кишвар ва берун аз он бунёд кардаанд, ки дидани саҳнаҳои ҷолибе ки ҳатто кӯдакон ба ҳамдигар об мепошанду аз шодии дил ба ҳар канор даву тоз мекунанд, тамошои ин лаҳзаҳо худ як биҳишти ҳақиқие ҳаст, ки дар олам қиёснопазир аст. Ватан ин модар аст. Оғӯши модар ин худ биҳишт аст.

Ватанам ба ман имкон дод то аз ҳавои софу беғубораш нафас кашам. Модарам ба ман оғӯшашро кушод, то дар он бо муҳаббат ба камол расам ва дастони сокинони он боис шуд, то дар Тоҷикистонам гулистонҳо шавад.

Тоҷикистон табиати нотакрор дорад. Ҳар фасли ин ватан ба худ як зебоии аҷибе дорад, ки пас аз тамом шудани фасл барои дигарбора омаданаш интизорӣ мекашӣ. Баҳори Тоҷикистонро барои талу теппаҳояш, ки ба худ ҷомаи сабз ба бар кардаанду боронҳои пай дар пайе, ки ба болои сабза мерезаду баъд аз он чун ашке дар сари миҷгон қатра шуда, ба замин меафтад. Дил кандан аз он хело мушкил мешавад. Дар тобистонаш бошад, шуълаҳои офтоб обҳои равонашро чун алмос медурахшонад, ки чашми бинандаро мебарад. Тирамоҳаш заррину зимистонаш афсонавист.

Барои дидани зебоиҳои ин кишвар. Сайёҳон аз дигар кишварҳои ҷаҳон омада, бо худ армуғоне аз ҳунари дастони ҳунармандони мо барои ёдоварӣ гирифта, ба кишвари худ мебаранд.

Имрӯз хандаҳои гулдухтаракон, ки дар ҳар қадам бо ифтихор сар боло мекунанду аз сидқ механданд. Ин садои хандаҳо бо садои парандаҳои болои дарахтон нишаста, якҷоя шуда, дар умум шунидани як сурудеро мемонад, ки тамошои чунин як ватани орому осуда орзуи ҳар як нафар аст.

Тоҷикистон ватани зебоям. Туро номат бас аст, то дар ҳар қадам бо номат ифтихор кунаму барои боз ҳам ҷилва доданат дар чашми ҷаҳониён талош кунам.

Зуҳро Ризозода корманди Академияи ВАО

Шарҳҳо пӯшидаанд.