МАШҒУЛИЯТ ҶАМЪБАСТ ШУД

Рӯзи 10 майи соли 2022 дар “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба 10  нафар шунавандагони машғулияти омӯзишӣ барои журналистони соҳаи маориф ва илм дар мавзӯи “Такмили донишҳои хабарнигорон дар соҳаи маориф” шаҳодатнома  супорида  шуд. Машғулияти омӯзишӣ  аз 25 апрел то 10 майи соли 2022 баргузор гардид, ки дар он журналистон ва рӯноманигорон  аз  шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва нашрияҳо, ки ба таҳияи барномаҳо оид ба маориф ва илм машғуланд, иштирок карданд.

Машғулиятро мутахассиси варзидаи соҳаи маориф Саломиён Муҳаммаддовуд  гузаронид.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.