МАШҒУЛИЯТИ СОҲАВИИ ОМӮЗИШИ ИҚТИСОД АНҶОМ ЁФТ

Дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 12 то 27 декабри соли равон омӯзиши машғулияти тахассусии соҳаи иқтисодӣ бо ширкати Абубакр Комилов, доктори илмҳои иқтисодӣ ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ сурат гирифт.

Мутахассиси соҳа Абубакр Комилов ба иштирокдорони машғулият назарияи иқтисод ва шеваҳои инъикоси масоили иқтисодӣ дар ВАО –ро омӯзиш дод. Дар ҷараёни омӯзиш иқтисоди Тоҷикистон ва ҷаҳон, омилҳо ва роҳҳои ташаккули будҷети мамлакат, тасдиқи будҷет, минтақаҳои дотатсионӣ дар кишвар, ҳадафҳои стратегии иқтисодии эълоншуда аз ҷониби ҳукумат ва ғайра шарҳ дода шуд.

Дар машғулият масоили сиёсати зиддиинҳисорӣ, барномаи рушди соҳибкории хӯрду миёна ва тадбиқи баномаҳои ҳукуматӣ дар ин самт омӯзиш дода шуд. Масъалаҳои андоз ва нақши он дар таъмини будҷети давлатӣ зикр гардид. Мутахассис оид ба кодекси андоз ва аҳамияти қабулу тадбиқи он, андозсупорандагон ва имтиёзҳои андозӣ маълумоти мусаффал ироа кард.

Масъалаҳои захираҳои бойи канданиҳои фоиданок, афзудани истеҳсоли симент, истихроҷи ангишт, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайра дар машғулият омӯзиш дода шуд. Шарҳи муфассал ва амиқи ҳадафи муҳимми эълонкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ – саноатикунонии мамлакат яке аз мавзуҳои меҳварии омӯзиш қарор гирифт.

Дар охир ба 8 нафар иштирокдорони машғулияти омӯзишӣ сертификати соҳавӣ супорида шуд. Муассисаи давлатии “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” ба шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҷиҳати фиристодани кормандонашон барои ширкат дар машғулияти зикршуда миннатдорӣ баён менамод.     

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.