Машғулияти омӯзишӣ таҳти унвони “Чандрасонаӣ дар воситаҳои ахбори омма”

“Чандрасонаӣ дар воситаҳои ахбори омма”. Бо ин унвон дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти навбатии омӯзишӣ оғоз гардид. Давоми машғулият кормандони ВАО оид ба омода сохтани маводҳои чандрасонаӣ маълумот мегиранд. Омӯзгорон Хилватшо Хоҷаев ва Шаҳноз Комилзода ба таври назариявӣ ва амалӣ иштирокчиёни курси бозомӯзиро бо усулҳои ҷадиди пешниҳоди мавод дар расонаҳои муосир шинос мекунанд. Дар рӯзи аввали машғулият 13-нафар корманди воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ иштирок карданд. Доир намудани чунин курсҳои бозомӯзӣ барои тақвияти дониши рӯзноманигорон равона гардидааст. Машғулияти мазкур то 21-уми ноябр идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.