Машғулияти омӯзишӣ: дизайнерон ва рассомон дар Академия

25-уми октябри соли равон дар Муассисаи  давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои дизайнерон ва рассомони шабакаҳои телевизионӣ дар мавзӯи “Дизайнерон ва рассом- таҳиягари барномаҳои  телевизионӣ” оғоз шуд. Мутобиқи нақшаи корӣ машғулияти омӯзишӣ аз 25-уми октябр то 5-уми ноябри соли 2021 шуруъ гардида, ҳамарӯза дар  китобхонаи Академия баргузор мегардад.

Машғулияти навбатиро корманди собиқадори телевизион Салимшо Пирумшоев таълим медиҳад. Тибқи муқаррарот соатҳои дарсӣ тариқи назариявию амалӣ ва ҳамчунин дар шакли мубоҳисавӣ тақсим шудаанд, ки иштирокдорон аз рафти машғулият изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.