Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист”

    Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои журналист” машғулияти навбатии омӯзишӣ оғоз гардид. Умрилло Меликов доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои “Ҳуқуқҳои муаллифии журналист”, “Шартномаи муаллифӣ”, “Ҳуқуқҳои меҳнатии журналист”, “Таҳлили асарҳои хизматӣ”, “Шартномаи меҳнатӣ” ва ғайраҳо маълумот медиҳад. Дар рӯзи аввали машғулият 9-нафар корманди нашрияю маҷалла, агентиҳои иттилоотӣ ва марказҳои матбуотӣ иштирок карда, оид ба мавзӯъҳои “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ВАО”, “Вазъи ҳуқуқии журналист ҳамчун намояндаи ВАО” иттилоъ гирифтанд. Доир намудани чунин курсҳои бозомӯзӣ барои тақвият бахшидани дониши ҳуқуқии рӯзноманигорон равона гардидааст. Машғулияти мазкур то 23.10.2020 идома меёбад.  

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.