Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҷалии рангҳо -ифодагари мазмун”

Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои рассомон ва дизайнерони шабакаҳои телевизионӣ машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҷалии рангҳо -ифодагари мазмун”-ро аз 17-уми августи соли ҷорӣ оғоз кард. Дар ин машғулият шунавандагон бо санъати муссавирӣ ва ороиши саҳна барои барномаҳои телевизионӣ ошно гардида, касбияти худро сайқал медиҳанд. Зеро нақши рассом-дизайнер дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ хело назаррас мебошад. Машғулиятро рассоми шинохта Салимшо Пирумшоев ва дизайнер Илҳом Моилов мегузаронанд. Машғулияти мазкур то рӯзи 21-уми август идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.