Машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Гузориши хабарӣ дар телевизион”

         Аз 10-уми ноябр  дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Гузориши хабарӣ дар телевизион”  идома дорад.  Аксари навиштаҳо дар телевизион дар қолаби жанри гузоришанд,   аз ин хотир яке аз жанрҳои серистифода ба ҳисоб меравад. Тренерони варзида Иззатманд Саломов ва Озод Маликов  ба иштироккунандагони машғулият тарзи омода сохтани гузориши хабарӣ ва усули пешниҳоди онро ба пуррагӣ фаҳмонида қайд намуданд, ки: “Гузориш бояд тавре навишта шавад, ки хонанда ва ё бинанда воқеаҳоро тасаввур карда тавонад, бинад. Яке аз воситаҳое, ки инро имконпазир мегардонад, тафсилоти воқеа, ҷузъиёти вай аст”.

         Машғулияти омӯзишӣ то 14 –уми ноябр давом мекунад. Баргузории  чунин  машғулияту семинарҳои соҳавӣ  барои  баланд бардоштани малакаи касбии рузноманигорони   телевизион  мусоидат хоҳад кард.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.