Машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Омӯзиши формати HD”

Дар рӯзи сеюми машғулияти омузишӣ, шунавандагон оид ба истифодаи технологияи муосири телевизионӣ, тарзи дурусти истифодаи конверторҳо, пахши барномаҳои калонҳаҷми мустақим бидуни истифодаи студияи сайёр, тавассути дастгоҳи мавҷпахшкунандаи LiveU ва истифодаи ниқилҳо дар дастгоҳҳои сабткунанда маълумот пайдо карданд. Машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Омӯзиши формати HD”, ки дар МД “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” аз 27-уми июл ҷараён дорад, нозукиҳои гузариш ба пахши дақиқияташ баландро бозгӯ месозад.
Қисмати дуюми машғулият ба таври амалӣ доир гардида, иштирокчиён корро дар дастгоҳи муосири телевизионӣ, аз ҷумла студияи замонавии сайёри телевизионӣ, ки бо беҳтарин таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз мебошад, омӯхта, инчунин бо усулҳои нави истифодаи таҷхизоти пахши барномаҳо, истифодаи камераҳои замонавӣ, дар як ҳолат сабт, танзим ва пахши барномаҳои мустақим бо истифодаи аз дастгоҳҳои студияи сайёри телевизионӣ шинос гардиданд. Машғулияти омузишӣ дар мавзуи “Омӯзиши формати HD” 30 июли соли 2020 анҷом меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин машғулият 20-нафар аз шабакаҳои телевизионӣ иштирок доранд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.