Машғулияти омӯзишӣ барои кормандони радиои “Ховар”

Мутобиқи нақшаи “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти  омӯзишӣ барои кормандони  радиои “Ховар”-и  АМИТ “Ховар” дар мавзӯъи “Мақоми жанрҳои хабарӣ  дар барномасозии радио” ва  ҳамчунин дар бахшҳои “Мақоми жанр  дар  радиожурналистика ва  масъулияти  радиожурналистика”, “Чандрасонаӣ дар радио ва  мавқеи  иттилоот дар  замони  муосир”, ва “Мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва  ҳифзи арзишҳои миллӣ дар  барномаҳои радиоӣ” аз 18-ум то 27-уми августи соли равон баргузор гардид. Давоми  ин рӯзҳо машғулиятро се нафар устодону олимони ботаҷриба Рустамзода Дилафрӯз, Исматзода Саъдӣ ва Саидзода Обидҷон ба шунавандагон таълим доданд.

Аз хулосаи устодон метавон афзуд, ки кормандони радиои “Ховар”-и  АМИТ “Ховар” дар рафти дарсҳо донишу малакаи худро баръало нишон дода, бо қаноатмандӣ аз санҷишҳо гузаштанд.

Дар ҷамъбасти машғулият ба 7 нафар иштирокчиёни фаъоли радио “Ховар” сертификати “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.