МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАИ МАОРИФ

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” барои журналистони соҳаи маорифи шабакаҳои телевизионию радио ва нашрияҳои даврӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзӯи “Такмили донишҳои хабарнигорон  дар соҳаи маориф” аз 25.04.2022 то 10.05.2022 оғоз намуд. Машғулияти  омӯзишӣ дар толори маҷлисгоҳи  Академияи ВАО – и Тоҷикистон  бо иштироки  устоди варзидаи соҳа Саломиён Муҳаммаддовуд доир мегардад.

Машғулият дар мавзуъҳои

  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  низоми  сиёсати иҷтимоии кишвар
  • Санадҳои меъёрҳои ҳукуматӣ ва сохтори Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки  баъди анҷоми курс ва иҷрои санҷиш шунавандагон сазовори шаҳодатнома мегарданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.