МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАИ ҲУҚУҚ БА АНҶОМ РАСИД

Ҷомеаи имрӯзаро бе иттилоот тасаввур кардан мумкин нест. Ҳангоми таҳияи барномаҳо ва навиштани мақолаҳои ҳуқуқӣ журналист бояд атрофи нозукиҳои қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ дониши қазоӣ дошта бошад. Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” тайи 10 рӯз аз 19 сентябр то 28 сентябри соли 2022 барои журналистон машғулияти омӯзишӣ дар соҳаи ҳуқуқро гузаронид.

Дар машғулият қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион, кино, реклама, фарҳанг, сирри давлатӣ, ҳуқуқҳои соҳавӣ, санадҳои зерқонунӣ, ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва қоидаҳои бастани шартнома ва дигар санадҳою созишномаҳои байнидавлатӣ баррасӣ ва омӯзонида шуд.

Машғулиятро номзади илми ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Алиев Фаррух дар асоси Барномаи таҳиягардидаи МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар самти ҳуқуқ гузаронид.

Дар машғулият 10 нафар кормандони шабакаҳои телевизион, радио ва нашрияҳои кишвар иштирок доштанд, ки дар анҷом ба 9 нафари онҳо шаҳодатномаи журналисти соҳаи ҳуқуқ супорида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.