МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАИ ФАРҲАНГ

Дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои журналистони соҳавӣ дар соҳаи фарҳанг оғоз гардид. Он барои муҳаррироне, ки доир ба соҳаи фарҳанг ва масъалаҳои вобаста ба он барнома таҳия мекунанд, пешбинӣ шудааст. Дар машғулият шунавандагон оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи фарҳанг, сохтори вазорат, фаъолияти раёсатҳои он, муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат, фаъолияти китобхонаҳо, манбаъҳои асосии интихоби мавзуъҳо, тарзи дурусти баён ва баррасӣ намудани масъалаҳои фарҳангӣ, таҳлили барномаҳои фосилавии телевизионии мустақим ё телемост, тарзу усулҳои таҳияи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ғайраҳо маълумот хоҳанд гирифт. Машғулият аз 20 июни соли 2022 то 07 июли соли 2022 идома намуда, онро журналисти собиқадори соҳаи телевизион ва радио, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг Мирализода Раҳмоналӣ Шералӣ мегузаронад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.