МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ СОҲАИ ИҚТИСОД

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” бо ширкати Абубакр Комилов, доктори илмҳои иқтисод, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машғулияти омӯзишии соҳаи иқтисод барои кормандони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ оғоз гардид.

Дар машғулияти мазкур мутахассиси соҳаи иқтисод Абубакр Комилов дар хусуси таъриху назария ва шеваҳои инъикоси масоили иқтисодӣ ба ширкаткунандагон омӯзиш хоҳад гузаронд.

Абубакр Комилов бо истифода аз нақшаи дастури таълимии МД “Академияи ВАО –и Тоҷикистон” усул, моҳият, таърих, назария, тарзи баррасиву таҳлил ва инъикоси масъалаҳои иқтисодиро шаҳр медиҳад. Мавсуф ҷараёни машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба буҷети давлатӣ, стратегияи рушди миллӣ, афзалияти соҳаи иқтисодии кишвар, ҳадафҳои муҳимми стратегияи рушди иқтисодӣ, равобити иқтисодии Тоҷикистон бо хориҷа, махсусан ташкилот ва созмонҳои иқтисодӣ ва ғайра маълумот хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки фарогирии соҳаҳои муҳим, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра ба журналистон имкон фароҳам меоварад, ки зимни анҷоми фаъолияти касбӣ ба иштибоҳҳо роҳ надиҳанд ва ҳангоми баррасиву таҳлил ва таҳияи барномаҳо бо риояи қоидаҳои умумии соҳаҳои мазкур амал намоянд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.