МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШИИ ТАСВИРБАРДОРӢ ВА РАВШАНИДИҲӢ АНҶОМ ЁФТ

Аз таърихи 28 ноябр то 6 декабр дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишии “Асосҳои маҳорати тасвирбардорӣ ва равшанидиҳӣ” ҷараён дошт. Дар машғулиятҳои амалӣ кормандони бахши наворбардорӣ ва равшанидиҳии шабакаҳои телевизионӣ ширкат намуданд.

Тасвирбардорӣ ва равшанидиҳӣ яке аз унсурҳои муҳим барои шабакаҳои телевизионӣ аст. Дар ин аср, ки рӯз ба рӯз сифати пахши шабакаҳои телевизионӣ беҳтар мешавад, фарогирии усул ва шеваҳои нави тасвирбардорӣ бо истифода аз технологияи муосир як амри саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин нигоҳ, Ачелдиев Рустам, мутахассиси соҳа шеваҳои тасвирбардорӣ, корбурди равшанидиҳӣ дар вақти тасвирбардорӣ, риояи меъёрҳои умумии тасвирбардорӣ ва ғайраро омӯзиш дод. Мафсуф доир ба нақши равшанидиҳӣ дар тасвирбардорӣ ва меъёрҳои умумии истифодаи унсури равшанидиҳӣ дар вақти тасвирбардорӣ омӯзиш гузаронд.

Дар анҷоми омӯзиш ба иштирокчиён, ки аз шабакаҳои мухталифи телевизионӣ ширкат доштанд, Cертификати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” супорида шуд.

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО – и Тоҷикистон” аз муассисаҳои телевизионӣ барои фиристодани кормандон ҷиҳати ширкат дар машғулиятҳои омӯзишӣ сипосгузорӣ менамояд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.