Машғулияти омузишӣ дар мавзуи “Таҳияи ток-шоу дар телевизион”
20-уми июл машғулияти омузишӣ дар мавзуи “Таҳияи ток-шоу дар телевизион”, ки дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон оғоз гардида буд ба анҷом расид. Давоми 5 руз 13 нафар намояндаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ оид ба тарзи омода намудани барномаҳои калонҳаҷми телевизионӣ, ҷаззобияти маводи омодакарда ва тарзи усули пешниҳоди ток-шоу барои бинандагон аз журналисти шинохта Шаҳло Акобирова маълумот гирифтанд. Ба иштирокчиёни машғулияти омӯзишӣ сертификат дода мешавад.