Машғулияти навбатӣ дар Академияи ВАО

Муасиссаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои журналистони соҳаи сиёсии шакбакаҳои телевизионию радио ва нашрияҳои даврӣ машғулияти омӯзиширо дар мавзӯи “ Такмил ва тақвияти донишҳои сиёсии хабарнигорон” аз 10.01.2022 то 24.01. 2022 оғоз намуд. Машғулияти омӯзишӣ  дар толори  китобхонаи Академияи ВАО –и Тоҷикистон  бо иштироки устоди варзидаи соҳа Иброим Аҳмадов доир мегардад. Машғулият  дар мавзӯъҳои

-Асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи  воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио

-Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони воситаҳои ахбори омма.

-Усулҳои таҳлили вазъи кунунии воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ, инчунин чанде аз мавзӯоти муҳими соҳа мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз анҷоми курс ва иҷрои санҷиш шунавандагон сазовори шаҳодатнома мегарданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.