Машғулияти навбатӣ дар Академияи ВАО

21-уми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои муҳаррирони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, ки барномаҳо ва гузоришҳои хабарӣ ба забони русӣ таҳия мекунанд  машғулияти омӯзишӣ  дар мавзӯи “Таҳияи гузоришҳои хабарӣ” оғоз гардид.

Мутобиқи нақшаи корӣ машғулияти омӯзишӣ аз 21-уми феврал то 02-юми марти соли 2022 дар китобхонаи Академияи ВАО баргузор мегардад.

Тибқи муқаррарот соатҳои дарсӣ тариқи назариявию амалӣ ва ҳамчунин дар шакли мубоҳисавӣ тақсим шудаанд. Машғулияти омӯзиширо собиқадор ва мутахассиси варзидаи телевизион   Наргис Қосимова мегузаронанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.