Машғулияти навбатии омӯзишӣ таҳти унвони “Асосҳои коргардонӣ дар телевизион”

Коргардон- ҳамоҳангсози санъати баланди эҷодист, ки касбиятҳое мисли наворбардор, рассом, коргардони овоз, мусиқӣ, пардозгариро дар як маънии созандагӣ ҷамъ меорад- гуфт коргардон Озод Маликов дар машғулияти омӯзишӣ ки дар МД “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ доир гардид. Вазифаи коргардон дар таҳияи намоишҳои телевизионӣ иборат аз ороиши барнома, ташкили кор, донистани мавзуъ, гирифтани маълумот, танзими наворҳо, пурра намудани мавзуъ мебошад. Барои такмили ихтиссос аз корҳои эҷодии шунавандагон то таҳияи барнома ба таври амалӣ гузаронида мешавад. Тахлили сюжетҳо, композитсия, истифодаи равшанӣ, рангҳо, ҷузъиётҳои пуркунандаи маъниро дар барнома ба таври амалӣ нишон дода барои беҳтар намудани муҳтавои сужаҳо ва сифати наворҳо тавсияҳо дода мешавад. Машғулияти омӯзишӣ аз 07.12 то 11.12.2020 идома меёбад.

222 SharesLikeCommentShare

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.