Машғулияти омузишӣ дар мавзуи «Омузиши формати HD»

Дар баланд бардошатни сатҳу сифати пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ истифодаи таҷҳизоти муосири замонавӣ нақши калидӣ дорад. Имруз барои дар сатҳи баланд пахш намудани намоишҳо, шабакаҳои телевизионӣ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз ҷумла, бо формати дақиқияташ баланд – HD кор мекунанд, пурра таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки дар истифодаи таҷҳизоти муосири замонавӣ нақши мутахассисони дорои таҷрибаи хуб, муҳим буда, маҳз мутахассис метавонад барои пешниҳоди барномаҳои хуби телевизионӣ мусоидат кунад.
Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони шабакаҳои телевизионӣ, ки бо формати HD, гузоришу барномаҳо таҳия мекунанд, машғулиятҳои омузиширо пайваста доир менамояд. Бо ин мақсад 27 июли соли 2020 дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои кормандони техникии шабакаҳои телевизионӣ машғулияти навбатии омузишӣ дар мавзуи «Омузиши формати HD» оғоз гардид, ки дар он 19 нафар корманди шабакаҳои давлатии телевизионӣ иштирок карданд.
Тавре омӯзгор Маъруфҷон Оқилов иброз дошт, давоми рузҳои машғулият ба тарзи сабти маводҳои видеоӣ, танзими дуруст ва пахши барномаҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Машғулият ба таври назариявӣ ва амалӣ доир гардида, то охири ҳафта идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.