МАШҒУЛИЯТИ КОРГАРДОНҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН

Машғулияти навбатии омӯзишӣ барои коргардонҳои шабакаҳои телевизионӣ дар мавзуи “Асосҳои санъати коргардонӣ дар таҳияи барномаҳои телевизион” аз 28 март то 6 апрели соли 2022 дар Академияи ВАО баргузор гардид. Машғулиятро коргардони собиқадор Баҳром Сайфиддинов  гузаронид.

Барномаи таълимии «Коргардони телевизион ва кино”, ки барои омӯзишӣ асосҳои кори коргардонӣ, кор бо сенария, наворбардор, садобардор, рассом, танзимгарон, инчунин ороиши саҳна, костюм, реквизит, декоратсия, танзими компютерии намоиш, намудҳои камера ва корбарӣ бо он, ороиши мусиқӣ ва садо дар намоишҳои телевизионӣ, кино, реклама ва ҷараёни истеҳсоли он дар телевизион нигаронида шудааст, дар машғулият фаро гирифта шуд.

Дар машғулияти омӯзишӣ  “Маҳорати коргардонӣ”, “Асосҳои драматургия”, “Воситаҳои таҳия, сабт ва ҷолибсозии барнома”, “Таърихи телевизион ва кино”, “Таърих ва назарияи  сохтани филмҳои мустанад”, “Асосҳои маҳорати наворгирӣ”, “Асосҳои танзим”, “Асосҳои коргардонии овоз”, “Асосҳои технологияи телевизион”, “Назария ва амалияи телевизионҳои ватанӣ” ва ғайраро дар тули 10 руз аз руи барнома аз худ намуданд.

Корҳои амалӣ  бо роҳбарии омӯзгор доир ба сохтани студияи вертуалӣ ва истифодаи он дар хромокей, интихоби асар барои намоиш, ороиши рассомӣ, истифодаи чароғҳо, рангҳо дар видеоклип, инчунин тахаюли коргардонӣ дар мавзуҳои гуногун ба иҷро расонида шуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.