МАКТАБИ ТАҶРИБАҲО

 3 – юми  июни  соли  равон  дар  Муассисаи  давлатии  «Академияи  ВАО- и  Тоҷикистон” бо  иштироки  рӯзноманигори  собиқадор, сармуҳаррири  ҳафтаномаи  “Адабиёт ва санъат”  Парда  Ҳабиб  дар  доираи   иҷрои лоҳаи “Мактаби  таҷрибаҳо”  мулоқот  баргузор  гардид. Дар  он намояндагони  ВАО ва  донишҷӯёни  факултаҳои  журналистикаи  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  ва  чанде аз донишҷӯёни  Литсейи хизмат ва туризм  иштирок   намуданд.  Зимни   ифтитоҳи  ҳамоиш  директори  Муассисаи   давлатии  “Академияи ВАО- и  Тоҷикистон”  Саъдӣ Исматзода  оид  ба  фаъолияти  Парда  Ҳабиб  суханронӣ  намуда,  қайд кард, ки  мавсуф шоир ва  рӯзноманигори  пурмаҳсул  буда, барои  журналистони  ҷавон  намунаи   ибрат  мебошад. Парда  Ҳабиб, ки  40 соли  умрашро  ба ин касби пуршарафи ҷомеа  бахшидааст ва  дар  ин  соҳа таҷрибаи  арзандае  низ дорад.  

Ҳамзамон,  Парда  Ҳабиб зимни суханронии  худ,  қайд  намуд, ки  барои  рӯзноманигор худшинос, ватанпарвар  будан ва  бо дили  соф  хизмат  кардан  хеле  муҳим  аст.  Дар   рафти  ҳамоиш  донишҷӯён  ба  саволҳои  сершумори  худ  ҷавобҳои  мушаххас  гирифтанд,  ҳамин  тариқ пеш  аз  анҷоми  маҳфили номбурда  чанде  аз  шумораи  тозанашри  ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” инчунин  се  китоби худро ба  китобхонаи  Академия ҳадия  намуд.

          Ёдовар  мешавем, ки  Муассисаи   давлатии “Академияи  ВАО- и Тоҷикистон”  дар оянда низ иҷрои лоиҳаи  “Мактаби  таҷрибаҳо” – ро, бо ҳузури  рӯзноманигорон, чеҳраҳои  маъруфи кишвар  амалӣ хоҳад  намуд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.