“Мактаби таҷрибаҳо”- бо шоири халқӣ Зулфия Атоӣ

      Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ мулоқот дар доираи лоиҳаи “Мактаби таҷрибаҳо” баргузор гардид. Дар ин вохурӣ намояндагони ВАО ва донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи ДМТ ва Донишгоҳи славянӣ иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”  Зинатуллоҳ Исмоилзода оид ба фаъолияти Зулфия Атоӣ суханронӣ намуда қайд кард, ки Зулфия Атоӣ шоир ва рӯзноманигори пурмаҳсул ва сарсупурда буда, барои журналистони ҷавон намунаи ибрат мебошад. Зулфия Атоӣ, ки 41 соли умрашро ба рӯзноманигорӣ бахшидааст ва дар ин соҳа таҷрибаи арзандае дорад ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти рӯзноманигорию адабиаш қиссаҳо пешниҳод карда, бо қироати шеърҳояш мулоқотро боз ҳам пурмазмуну хотирмон намуд. Зулфия Атоӣ бо ду забон (тоҷикиву-русӣ) бо иштирокчиён сӯҳбат намуда, аз даврони донишҷӯӣ ва дастгирии адибоне чун Мирзо Турсунзода ёдоварӣ н шуд.  Оид ба кори рӯзноманигорӣ адиб таъкид кард, ки ин ҷодаи душвор буда, масъулияти баландро талаб мекунад. Силоҳи рӯзноманигор сухан аст ва забондонӣ дар ин касб нақши зиёде мебозад. Бинобар ин барои муваффақ шудан дар ҷодаи журналистӣ омӯхтани забонҳои гуногун ба манфиати кор мебошад. Аз ин рӯ ӯ аз ҷавонон хоҳиш кард, ки бештар омӯзанд, саёҳат кунанд ва нисбати ин касби душвору мушкилписанд ҷиддӣ бошанд. Ҳамзамон шоира қайд намуд, ки барои рӯзноманигор худшинос, ватанпарвар будан  ва ба мардум аз дили соф бо қаламаш хизмат намудан хеле муҳим аст.  Дар рафти ҳамоиш донишҷӯён ба шоира Зулфия Атоӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

      Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо мақсади рушди соҳаи журналистика ва ҷалби рӯзноманигорони навқалам ба ҷодаи эҷод силсилаи лоиҳаи “Мактаби таҷрибаҳо”-ро роҳандозӣ менамояд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.