“Мактаби таҷрибаҳо” бо аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова

Дар баробари баланд бардоштани малакаи касбии рузноманигорон ва такмили ихтисоси кормандони соҳа Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои донишҷуён ва рузноманигорони ҷавон ҳамоишҳои гуногунро доир менамояд. Аз ҷумла, 20-уми ноябр дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ҳамоиши “Мактаби таҷрибаҳо” бо иштироки аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ Рафоат Абдусаломова доир гардид. Дар оғози чорабинии мазкур директори муассиса Зинатуллоҳ Исмоилзода таъкид намуд, ки Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 марти соли 2016 ба фаъолият оғоз кардааст, яке аз ҳадафҳои худро дар ташкил намудани мулоқоту вохуриҳо бо собиқадорони соҳа мебинад. Мо лоиҳае дорем бо номи “Мактаби таҷрибаҳо”, ки дар он собиқадорони соҳа аз радио, телевизион ва нашрияҳо бо донишчуён бевосита суҳбат мекунанд, аз таҷрибаи худ нақлҳо мекунанд. Собиқадорон пайроҳаи эҷодии худро барои шумо бори дигар тавзеҳ медиҳанд ва ҳамчунин маслиҳатҳо ва тавсияҳои худро барои рушди журналистика ва омода намудани мутахассисон барои мо арзонӣ медоранд мегуяд Зинатулоҳ Исмоилзода. Рафоат Абдусаломова ба ҳозирин аз ҳаёту фаъолияти пурсамари хеш, рӯзҳои аввали ба телевизион омадан нақл намуд. Вай аз ҷумла гуфт: Соли 1959 нахустин барномаи телевизиони тоҷик пахш гардид. Ба ман муяссар шуд, ки барномаи аввалинро ба бинандагон пешкаш намоям. Агар ман даҳ сол ба ҳайси наттоқ кор карда бошам, боқӣ сӣ соли дигар ҳамчун эҷодкор дар телевизион фаъолият намудам, лекин то имруз маро касе бинад ана наттоқ гуфта муроҷиат мекунанд. Ман аз ин ифтихор мекунам – мегуяд Рафоат Абдусаломова. Иштирокчиёни маҳфил, ки асосан донишҷуёни бахшҳои журналистӣ ва рузноманигорони ҷавон буданд, ба саволҳои сершумори худ посух гирифтанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.