КУРСИ ДИЗАЙН ВА ГРАФИКАИ КОМПЮТЕРӢ БА АНҶОМ РАСИД

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” барои рассомон ва дизайнерони шабакаҳои телевизионӣ машғулиятӣ омӯзишӣ  дар мавзуи “Дизайн ва графикаи компютерӣ”-ро ба итмом расонид. Дар машғулият шунавандагон донишу малакаи худро бобати дизайн, ороиши саҳнаҳо, графикаи компютерӣ такмил доданд.

Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Исматзода С.М. бо иштироки омӯзгорон Пирумшоев Салим ва Фатҳиддинов Шарафиддин ба 8 нафар шунавандагони курси дизайн ва графикаи компютерӣ Шаҳодатномаи МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”-ро супориданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.