КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПУБЛИТСИСТИКА ВА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”

 Имрӯз дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Публитсистика ва баъзе масъалаҳои он дар замони истиқлолият” доир гардид. Онро директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Саъдӣ Маҳдӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи публитсистикаи замони истиқлол суханронӣ намуд. Дар конференсия Иброҳим Аҳмадов котиби матбуотии Кумитаи телевизион ва радио, Исмоилзода Зинатулло раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шариф Муллоев мудири кафедраи матбуоти ДСРТ, Бахтиёр Қутбиддинов декани факултаи журналистика, Сангин Гулов мудири кафедраи ТВР-и ДМТ, суханронӣ намуда оид ба масъалаҳои публитсистика назару андешаҳои худро иброз доштанд.

Шариф Муллоев дар бораи аҳамияти илмии маънавиёт ва фалсафаи хаёти инсон дар асарҳои публитсистии Асадулло Саъдуллоев назари худро иброз намуданд. Бахтиёр Қутбиддинов дар бораи унсурҳои воқеият дар латифаи публитсистӣ гуфта гузаштанд.

Дар конференсия олимон, устодони донишгоҳҳои кишвар, кормандони ВАО ва донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи ДМТ, ДСРТ ва ДДФСТ иштирок доштанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.