КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ФИЛИАЛИ ДДМ (МГУ) БА НОМИ М.В. ЛОМОНОСОВ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо ташаббуси филиали донишгоҳи давлатии ба номи М.В Ломоносови Москва дар шаҳри Душанбе ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Федератсияи  Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ва 30 апрели соли 2022 дар филиали Донишгоҳи давлатии ба номи М.В Ломоносови Москва дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – амалӣ “ XII –Ломоносовские чтения», бахшида ба рӯзи илм ва 30 – солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия доир  гардид.

Барномаи конференсия самтҳои гуногуни илмро дар бар гирифт.

Тамоюл ва дурнамои рушди илмҳои дақиқ ва илмҳои математикӣ.

Тамоюл ва дурнамои рушди илмҳои ҷамъиятӣ дар ҷаҳони муосир.

Дар конференсия дар қатори номояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россиия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Хитой Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи ИДМ ва муассисаву ташкилотҳо “Академияи ВАО-и Тоҷикистон“ низ ииштирок намуданд.

Аз ҷумла директори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Исматзода С.М. дар мавзуи “Ташаккули маъноии вожаи “ҷома” дар “Шоҳнома” баромад намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.