МАҶМУАИ “НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК» МУАРРИФӢ ГАРДИД

28 ноябр дар китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифии китоби тозанашри «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид.

Дар китоб мазкур 42 мақолаи муаллифони дохиливу хориҷӣ оид ба саҳми мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ, густариши сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои давлатдории навин, дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷӣ ва ғайра гирдоварӣ шудааст.

Ҷумахон Файзализода, директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ дар маросими муаррифӣ таъкид намуд, ки китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Мавсуф зикр намуд: «Оғози фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост, инъикос менамояд»

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.