Иштироки Пешвои миллат дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ

Санаи 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронии  хеш кулли  сокинони  кишварро  бо ин  санаи  муҳими  миллӣ  табрик  гуфта, оид  ба аҳамияти таърихии  он  нуктаҳои  ҷолибро  баён доштанд.

Баъди суханронии роҳбарону кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони соҳаҳои мухталифи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва намояндагони дигари ҷомеа низ бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат бо шумораи беш аз 30 ҳазор нафар роҳпаймоӣ карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.