Ифтитоҳи шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат»

Имрӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мамлакат Муассисаи давлатии  телевизиони Тоҷикистон- «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора муовини якуми директори МД «Илм ва табиат» Аҳлиддин САЛОҲЗОДА  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК  хабар дод.

Дар маросими оғози кори шабакаи мазкур муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, фарҳангиён ва донишмандон ширкат намуданд.

Зикр гардид,  ки тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд.  Аз ҷумла,  «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.

Дар айни замон шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.