Ифтитоҳи чанд иншооти ҷашнӣ дар пойтахт

         Дар доираи сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 20-уми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ чанде аз иншооти муҳими хоҷагии халқро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

         Аз ҷумла бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаҳои давлатии таълимии “Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, “Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе”, бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳамчунин бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва меҳмонхонаи замонавии “Сафо Душанбе”-ро мавриди баҳрабардории умум қарор доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.