Ифтитоҳи муассисаиҳои таълимии муосир дар рӯзи дониш

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри  Душанбе  муассисаҳои  таълимии “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133”, “Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”, бинои хобгоҳи “Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати  №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе” ва “2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаҳои  мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндаи миллат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудаанд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.