ТАВАҶҶУҲ

ТАВАҶҶУҲ: Аз ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ ва нафароне, ки дар конфронси ҷумҳуриявии мазкур ба унвониашон мактуб ирсол гардидааст, хоҳиш карда мешавад, лутфан мавқеатонро муайян менамудед.

МАКТУБИ ИТТИЛООТИИконфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи“Публитсистика ва баъзе масъалаҳои он дар даврони истиқлолият”

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” иттилоъ медиҳад, ки рўзи 30-юми сентябри соли 2022 конфронси ҷумҳуривии илмӣ – амалиро таҳти унвони “Публитсистика ва баъзе масъалаҳои он дар даврони истиқлолият” баргузор менамояд.

Ҳадаф аз доир намудани конфронс ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли масоили марбут ба паҳлуҳои гуногуни публитсистикаи замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.Бояд зикр намуд, ки давоми чанд даҳсолаҳои охир публитсистика ҳамчун мафҳуми муҳими соҳа дар муҳити илмию адабӣ ба таври васеъ истифода карда мешавад. Маҳз баррасии роҳҳои муассири ин масъалаи муҳим ҳадафи аслии чорабинӣ мебошад.Вобаста ба ин, дар конфронс мавзуоти зерин дар назар дошта мешавад:

– аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;- публитсистика ва истиқлолият;

– рушди публитсистикаи телевизион ва радио дар замони соҳибистиқлолии кишвар;

– жанрҳои телевизионӣ ва публитсистика ;- публитсистика дар матбуоти даврӣ;

– жанрҳои публитсистӣ;

– таъсири публитсистика ба афкори мардум;

Дар чорабинӣ иштироки олимону коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва масъулини воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.

Конфронс рўзи 30-юми сентябри соли 2022, соати 10:00 дар толори Академияи ВАО-и Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бинобар ин, то санаи 10 сентябр соли 2022 номи маърузаи илмӣ ва ному насаби маърузачиро бо зикри вазифааш ба унвонии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон”ирсол намоед.Телефон барои тамос : 2218438, 918 95 74 74, a.safarov1998@gmail.com

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.