Истиқлол – ҷашни озодагӣ

Равишҳои зиндагӣ дар ҳама давру замон собит намудааст, ки истиқлолу озодихоҳӣ яке аз арзишҳои муҳиму шоистае ба шумор мераванд, ки дар иҷро ва амалисозии ормонҳои миллӣ нақши муассиру мондагор доранд. Зеро маҳз тавассути муҳити амну оромӣ инсон метавонад ба хостаҳои хеш комгору муваффақ гардад. Албатта дар мухотаби аслии ин гуфтаҳои мавҷуда масири паймудаи се даҳаи даврони ифтихории соҳибистиқлолии кишварамонро таъкиду тавсиф намудан хеле ба мавриду айни мудао мебошад.

30-сол қабл вақте аз хиёбон ва ё кучае бо ҳарос мегузаштему бӯйи хун ба димоғамон мерасид, гӯё табиат сокиту ҳам мурда бошад. Аммо имрӯз дар ҳар қадам бӯӣ гул ба машомамон мерасад, ки баробари сар боло кардан, навиштаҷоте бо номи “Идат муборак ватанам” рӯ ба рӯ хоҳем шуд.

Ин ҳама бо талошу заҳматҳои фарзона фарзанди ин ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз хурду бузурги кишварамон ид дорад, ки ҳатто табиат ҳам дар ин шодӣ бо мо шарик шудааст, ки ҳар рӯзи гузаштаамон моро як қадам ба ин хурсандӣ наздик месозад. Ҳамеша хоҳони онам ватанам, ки кабутарҳои сулҳ дар осмони беғуборат бол зананду хандаи тифлакон аз мушоҳидаи онҳо хотири бинандаро ҷамъу дили ҳамагонро шод намояд.

                                                                                                Зуҳро Ризозода

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.