Интихобот

Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии давлати демократӣ ба ҳисоб рафта, натиҷаи он барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ таъсири зиёде мерасонад. Дар ин раванд нақши ВАО ҳангоми инъикоси маъракаи пешазинтихоботӣ назаррас мебошад. Вобаста ба интихоботи дарпешистодаи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси маҳоратро дар мавзӯи “Инъикоси раванди интихоботи президентӣ дар ВАО” баргузор намуд.
Дар он намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон оид ба мавзӯъҳои Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, меъёрҳои конститутсионии интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби иштироки воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Аз ҷумла котиби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Самадзода ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигоронро шарҳ дода иброз кард, ки намояндагони ВАО танҳо пас аз бақайдгирӣ ва дар доираи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд ҷараёни интихоботро инъикос намоянд.
Дар замони муосир воситаҳои электронии мухобиротӣ дар паҳн гардидани хабар мавқеи устувор доранд ва мардум бештар иттилоъро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас менамоянд. Вобаста ба ин коршиноси Академияи ВАО-и Тоҷикистон Муҳаммадӣ Ибодуллоев дар мавзӯи “Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои инъикоси масъалаҳои интихобот” баромад намуда, изҳор дошт, ки гирифтани маълумот аз шабакаи интернет аз истифодабаранда муайян кардани сарчашмаи онро тақозо мекунад. Зеро дар фазои маҷозӣ ба даст овардани иттилои дақиқ душвор аст.
Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва Аваз Назаров оид ба тартиби иштироки намояндагони ВАО дар раванди интихобот ба ҳозирин маълумот доданд. Таъкид шуд, ки 15-рӯз пеш аз санаи баргузории интихоботи президентӣ намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ дар КМИР ё комиссияҳои ҳавзавӣ бояд ба қайд гирифта шаванд.
Сипас, ба суолҳои сершумори иштирокчиёни семинар посухҳои мушаххас дода шуд.
Директори МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Исмоилзода Зинатуллоҳ таъкид дошт, ки рисолати ВАО дар доираи меъёрҳои касбиву ахлоқии журналистӣ расонидани иттилоъ ба мардум мебошад. Инъикоси дурусти раванди маъракаи интихоботи президентӣ, ки қадаме баҳри рушди босуботи кишвар аст, касбияти баландро талаб мекунад.
Дар анҷоми чорабинӣ маҷмуаи “Тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба журналистон тақсим карда шуд. Дар семинари омӯзишӣ 30-нафар намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.