Дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба шунавандагони дарси “Нақши коргардон дар таҳияи барномаҳо” сертификат дода шуд.

Санаи 13.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 11:16 дақиқа. Дар муассисаи давлатии “Академияи ВАО- и Тоҷикистон”,  тӯли 1 ҳафта машғулияти “Нақши коргардон дар таҳияи барномаҳо” гузаронида шуд. Дарсро Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, коргардон ва корманди собиқадори телевизион ва кино, устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Ҳалим Сангин гузаронд.

Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Исматзода С.М. зимни суҳбат бо кормандони телевизион афзуд, ки мувофиқи қарори мушовара Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд дар се сол як маротиба  кормандони тамоми воситаи ахбори омма аз дарсҳои такмили ихтисоси Академияи ВАО гузаранд.  

Дар охир ба 10 нафар шунаванда сертификат дода шуд!

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.