ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки сарфи назар аз тавофуқоти тибқи Протоколи № 42 аз 25 сентябри соли 2022 ҳосилшуда, ҷониби Қирғизистон ба амалҳои иғвоангезона даст зада, ҳадафаш шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Амалҳои моҷароҷӯёнаи шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ба ноором сохтани вазъ нигаронида шудаанд, омода намудани камингоҳҳои оташфишонӣ, сохтани хандақҳо, идома додани интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ва мунтазам вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани нақшаҳои бадхоҳонаи ҷониби Қирғизистон мебошанд. Ҳамин тариқ, аз 26 сентябр то 15 октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карданд.

Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022 далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, силоҳи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба минтақаҳои марзӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ҷумла: — 1 октябр, соати 17:15 аз деҳаи Кок-Тош ба самти шаҳраки Уртабуз ва ноҳияи Лайлак мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ интиқол дода шуданд.

— Шаби 4 ба 5 октябр дар қисмати чапи нуқтаи обтақсимкунии “Сарбанд” (Головной) аз ҷониби Қирғизистон барои ҷойгир кардани мошинҳои зиреҳпӯш ва миномётҳо дар чуқурии то 6 метр ва паҳноии то 20 метр паноҳгоҳҳо сохта шуданд.

— 7 октябр дар мавзеъҳои «Сиёҳкӯҳ» ва «Дусанга»-и деҳаи Чоркӯҳи Исфара хандақҳои навкофташудаи низомиёни қирғиз ба қайд гирифта шуданд.

— 7 октябр таҳти роҳбарии масъулини ҷамоати деҳоти Оқ-Сойи вилояти Бодканд 15 нафар низомиёни воҳидҳои махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон бо мошини боркаши “КамАЗ” ҳозир шуда, худсарона дидбонгоҳи сарҳадӣ ташкил карданд. Ҳайати шахсии дидбонгоҳи сарҳадӣ дар хонаи сокини деҳоти Ворух Бобоев Б., ки соли 2018 аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ғасб гардидааст, ҷойгир карда шудаанд.

— 11 октябр дар ҳудуди минтақаи амниятии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми “Санҷидзор” ва обанбори «Хоҷабоқирғон-2»-и қисми низомии 0214-и РҚС КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд якчанд вагонро ҷойгир карданд, ки барои будубошти хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқ карда шудаанд.

— 13 октябр дар наздикии роҳи иловагии «Оқсой-Равот-Лайлак» хонаи васлшаванда насб карда шуд, ки ҳамчун постгоҳи милитсияи Ҷумҳурии Қирғизистон истифода мешавад.

— 13 октябр хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бар хилофи талаботи банди «г»-и Протоколи №42 дар шоҳроҳи Исфара-Ворух, дар деҳаи Оқсой постгоҳи доимӣ барқарор намуданд.

Дар шаҳраки Мақсат хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон 5 мавқеи ҷангии оҳану бетонии мустаҳкам сохтаанд.

Ҳолатҳои тез-тез баргузор намудани машқҳои ҳарбӣ шаҳодати он аст, ки ҷониби Қирғизистон нақшаҳои хасмона дорад. Дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуҷумҳои иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Вақтҳои охир ВАО-и Қирғизистон дар бораи ҳавопаймоҳои бесарнишини ба тозагӣ харидоринамуда ва озмоиши бесарнишинҳои истеҳсоли худӣ пайваста мавод паҳн менамоянд.

ИДОМА

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.