Идомаи машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Чандрасонаӣ дар ВАО-и муосир”

Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Чандрасонаӣ дар ВАО-и муосир” идома дорад. Зимни машғулият шунавандагон ба таври амалӣ ва назариявӣ оид ба интихоби мавзӯъ ва барномаҳои махсусе, ки барои гирифтани расм ва банду басти маводи чандрасонаӣ истифода мешаванд, шинос гардиданд. Журналистикаи муосирро бидуни маводи чандрасонаӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, изҳор дошт омӯзгор Хилватшо Хоҷаев. Зеро тавре ба мушоҳида мерасад, феълан дар ВАО-и кишварҳои ҷаҳон бештари мавод ба таври чандрасонаӣ пешниҳод карда мешаванд. Бинобар ин омода кардани матолиб бо шакли чандрасонаӣ талаботи замон аст.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.