Дар ҷустуҷӯи биҳишт

Инсоният аз оғози олами ҳастӣ, дар ҷустуҷӯи чизи навин, ва дасти зебоиофару чашми возеҳбин мебошад. Чунки чашми инсон ҳамеша муҳити зеборо дидан мехоҳад. Чашм мебинаду пой майли рафтан мекунаду дил бошад, аз худ як ҳисси шодиро паҳн мекунад, ки бадан аз он ҳаловат мебарад. Замоне ки хӯрд будам. Модарам ҳамеша дар бораи чӣ қадар табиати зебо доштани кишварҳои бонуфузи олам, қисса мекарданд.

Имрӯзҳо ҳақиқати ин суханҳоро дар ҳар қадам дар сарзамини зебоиҳо, ки онро ном Тоҷикистон аст мушоҳида мекунам. Ин ҳақиқат дорад, ки дар сарзамине ки ту ба дунё омадаӣ, он макон ба димоғат ҳамеша бӯи биҳиштро меорад. Лекин талош аз худи инсон аст, ки сарзаминашро ба боғе аз боғҳои биҳишт табдил диҳаду мардумонаш чун биҳиштиён хушбахт бошанд.

Ин талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз барои истироҳати хубу бо фароғати мо ҷавонон боғҳои хурду бузурге аз қабили Ҷавонон, Кули Ҷавонон, Курӯши Кабир, Хаём, Алишери Навоӣ, Ирам, ва дигарон дар ҳар гӯшае аз пойтахти кишвар ва берун аз он бунёд кардаанд, ки дидани саҳнаҳои ҷолибе ки ҳатто кӯдакон ба ҳамдигар об мепошанду аз шодии дил ба ҳар канор даву тоз мекунанд, тамошои ин лаҳзаҳо худ як биҳишти ҳақиқие ҳаст, ки дар олам қиёснопазир аст. Ватан ин модар аст. Оғӯши модар ин худ биҳишт аст.

Ватанам ба ман имкон дод то аз ҳавои софу беғубораш нафас кашам. Модарам ба ман оғӯшашро кушод, то дар он бо муҳаббат ба камол расам ва дастони сокинони он боис шуд, то дар Тоҷикистонам гулистонҳо шавад.

Тоҷикистон табиати нотакрор дорад. Ҳар фасли ин ватан ба худ як зебоии аҷибе дорад, ки пас аз тамом шудани фасл барои дигарбора омаданаш интизорӣ мекашӣ. Баҳори Тоҷикистонро барои талу теппаҳояш, ки ба худ ҷомаи сабз ба бар кардаанду боронҳои пай дар пайе, ки ба болои сабза мерезаду баъд аз он чун ашке дар сари миҷгон қатра шуда, ба замин меафтад. Дил кандан аз он хело мушкил мешавад. Дар тобистонаш бошад, шуълаҳои офтоб обҳои равонашро чун алмос медурахшонад, ки чашми бинандаро мебарад. Тирамоҳаш заррину зимистонаш афсонавист.

Барои дидани зебоиҳои ин кишвар. Сайёҳон аз дигар кишварҳои ҷаҳон омада, бо худ армуғоне аз ҳунари дастони ҳунармандони мо барои ёдоварӣ гирифта, ба кишвари худ мебаранд.

Имрӯз хандаҳои гулдухтаракон, ки дар ҳар қадам бо ифтихор сар боло мекунанду аз сидқ механданд. Ин садои хандаҳо бо садои парандаҳои болои дарахтон нишаста, якҷоя шуда, дар умум шунидани як сурудеро мемонад, ки тамошои чунин як ватани орому осуда орзуи ҳар як нафар аст.

Тоҷикистон ватани зебоям. Туро номат бас аст, то дар ҳар қадам бо номат ифтихор кунаму барои боз ҳам ҷилва доданат дар чашми ҷаҳониён талош кунам.

Зуҳро Ризозода корманди Академияи ВАО

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.