ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АКАДЕМИЯИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН” БА ШУНАВАНДАГОН ШАҲОДАТНОМА СУПОРИДА ШУД

Аз санаи 23 майи соли 2022 то 3 июни соли 2022 машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи «Технологияи муосири истифодаи садо»-ро барои коргардонҳои овоз ва танзимгарони барномаҳои телевизион ва радио, ки дар таҳияи овоз сару кор доранд, баргузор кард, ки онро мутахассиси соҳибтаҷриба Фирӯз Ҳакимов гузаронид. Дар машғулият кормандони шабакаҳои телевизион ва радио иштирок намуда 12 нафар шаҳодатнома гирифтанд.Дарси бозомӯзӣ дар ду бахш, назариявӣ ва амалӣ сурат гирифта, омӯзгор дар рафти он оид ба сабти овоз, насб ва танзими барномаи Adobe Audition, ҷӯркунии фармонҳои асосӣ ва равзанаи барномаҳо, эквалайзерҳо ва роҳҳои истифодаи онҳо, усулҳои нави коркарди овоз ва истифодаи эффектҳо маълумоти муфассал дода ба ҳар як шунаванда тарзи дуруст сабт ва танзим намудани овоз, сари вақт бартараф намудани камбудиҳои онро омӯзонд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.