ДАРСИ ЭТИКАИ КАСБИИ РӮЗНОМАНИГОР

1 июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти омӯзишӣ барои муҳаррирони шабакаҳои телевизион, радио ва матбуоти даврӣ дар мавзӯи «Этикаи касбии рӯзноманигор» шуруъ шуд, ки онро мутахассиси соҳибтаҷриба Сангин Гулов мегузаронад. Дар машғулият ба шунавандагон оид ба муҳимияти ахлоқи рӯзноманигорӣ ва этикаи истифодаи таҷҳизоти наворбардорӣ ва аксбардорӣ дар раванди фаъолияти кори рӯзноманигорӣ маълумот дода мешавад. Машғулият то 10 июни соли 2022 идома меёбад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.