Дарси маҳорат бо роҳбари Институти байналмилалии тандурустӣ ва омузишии шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доктор Ораш Алоӣ.

Риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ беҳтарин усул барои пешгирӣ аз бемории Covid-19 мебошад, мегуяд роҳбари Институти байналмилалии тандурустӣ ва омузишии шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доктор Ораш Алоӣ. Ӯ ин суханонро зимни вохурӣ бо журналистони воситаҳои ахбори омма дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” иброз дошт. Доктор Ораш Алоӣ таъкид намуд, ки имруз ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии коронавирус ба ташвиш овардааст. Вобаста ба пешгирии ин бемории сироятӣ номбурда тавсияҳои худро изҳор дошт. Таъкид шуд, ки барои фаҳмонидани роҳҳои пешгирӣ пеш аз ҳама бояд худи журналистон огоҳии пурра дошта бошанд. Тавсияҳо ва дастурҳои пешниҳодшуда барои баланд бардоштани тафаккури маърифатӣ, фарҳангии ҷомеа ва пешгирии бемории Covid-19 хело муфид мебошанд, изҳор дошт Ораш Алоӣ. Сипас иштирокчиёни мулоқот, ки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронии ҷумҳурӣ буданд, ба саволҳои сершумори худ роҷеъ ба инъикоси мавзуи Covid-19 дар воситаҳои ахбори омма посух пайдо карданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.