ДАРСИ МАҲОРАТИ НАВОРБАРДОРӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН

Аз 12 сентябр дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” машғулияти навбатӣ оид ба маҳорати наворбардорӣ дар телевизион оғоз шуд. Ба он наворбардорони шабакаҳои телевизионӣ ҷалб шудаанд.
Тайи 10 рӯз собиқадори телевизион ва кино, коргардон-наворбардори телевизиони Вилояти Челябински Федератсияи Россия Озод Маликов ба шунавандагон асосҳои кори наворбардорӣ, композитсия, андозаҳои кадр, навори гузоришӣ ва саҳнасозӣ, стендап ва ғайраро меомӯзонад. Озод Маликов диққати бештарро ба корҳои мустақилонаи шунавандагон равона карда, дар охири машғулият ҳар яки онҳо бояд кори амалии худро муаррифӣ намоянд.
Шунавандагон дар охири машғулият соҳиби сертификат мешаванд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.