ДАРСИ КОРГАРДОНӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Аз 28-уми март дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои коргардонҳои телевизион машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои санъати коргардонӣ дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ” оғоз гардид. Мутобиқи нақшаи корӣ машғулият аз 28-уми март то 6-уми  апрели соли 2022 дар Академияи ВАО баргузор мегардад. Машғулияти омӯзиширо Корманди шоистаи Тоҷикистон, коргардони дараҷаи олӣ  Баҳром Сайфиддинов мегузаронад. Тибқи муқаррарот соатҳои дарсӣ тариқи назариявию амалӣ гузаронида мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.