Вохурӣ бо Раҷаби Мардон – яке аз чеҳраҳои шинохтаи журналистикаи тоҷик

    Дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Мактаби таҷрибаҳо” вохурии навбатии намояндагони ВАО  ва донишҷӯёни бахшҳои журналистикаи донишгоҳҳои кишвар бо собиқадори матбуот ва телевизиони тоҷик Раҷаби Мардон гузаронида шуд. Зимни чорабинӣ директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода оид ба фаъолияти Раҷаби Мардон суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки устод дар журналистикаи тоҷик аз зумраи нафаронест, ки бо сабки хоси худ дар бахши иқтисодӣ маводҳои таҳлилию иттилоотии зиёдеро таҳия кардааст.  Бинобар ин мактаби Раҷаби Мардон барои рузноманигорони оянда манбаи пайравӣ аст.

      Раҷаби Мардон аз қабили рузноманигоронест, ки пас аз хатми донишгоҳ фаъолияташро дар матбуот оғоз намуда, бо навиштаҳои ҳадафманди худ дар рушди журналистикаи тоҷик саҳм гузоштааст. Барои журналисти муваффақ шудан таҳсил дар донишгоҳ кофӣ нест. Зеро донишгоҳ барои шахс танҳо роҳ нишон медиҳад- мегӯяд Раҷаби Мардон. Боқӣ аз кушишу меҳнат ва садоқати худи инсон ба ҷодаи пешгирифтааш вобаста аст. Бинобар ин бояд оид ба соҳаҳои гуногун  дониш омӯхт ва савияи ҷаҳонбинии худро васеъ кард. Доштани иттилоъ ва далелҳои дақиқ имкон медиҳад, ки бо истифода аз онҳо маводи хубе рӯи нашр ояд: чунин иброз дошт Раҷаби Мардон.  Ӯ ҳамзамон аз фаъолияти худ дар ВАО ёдовар шуда қайд намуд, ки дар дар замони пеш имкониятҳои техникӣ маҳдуд буданд. Аз ин лиҳоз аз рузноманигорони навқалам даъват кард, ки барои пешрафти кори худ аз шароитҳои муосир самаранок истифода баранд.

      Зимни ҳамоиш миёни иштирокчиён ва Раҷаби Мардон саволу ҷавоби ҷолиб сурат гирифт. Доир намудани мулоқотҳои мазкур барои шиносоии насли нави журналистон бо мактабҳои журналистӣ ва рӯзноманигорони соҳибтаҷриба замина фароҳам меорад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.