ВАО ва ташаккули давлатдории миллӣ

22.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Таҳти чунин унвон имрӯз дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии истиқлолияти ҶТ ва гиромидошти асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва публитсист ва олими маъруфи  тоҷик Асадулло Саъдуллоев ҳамоиши илмӣ доир гардид.  Дар он муовини аввали раиси кумитаи ТВ ва радио Субҳиддин Шамсиддинзода,   роҳбарони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, намояндагони матбуоти даврӣ ва чанде аз устодону олимони соҳа иштирок ва суханронӣ карданд.  Зимни суханронӣ муовини раиси кумитаи ТВ ва радио оид ба рушди соҳаи воситаҳои ахбори оммаи миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда афзуд, ки воқеан ҳам давоми ду даҳсолаи охир  бо назардошти ифтитоҳи чанде аз шабакаҳои ТВ ва радио рушди ин соҳа ба марҳилаҳои сифатан нав расид. Дар қисмати дуюми ҳамоиш устодони факултаи журналистика доир ба нақши ВАО- и Тоҷикистон, марҳилаҳои он ва мақому ҷойгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва публитсист Асадулло Саъдуллоев бо маърӯзаҳои илмӣ нуктаҳои муассиру мондагорро баён доштанд.  Дар анҷоми ҳамоиш рӯнамоии китоби тозанашри Акадамеяи сурат гирифта,  директори муассиса Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ оид ба моҳият ва мазмуну муҳтавои ин маҷмуа ёдовар шуда афзуд, ки  ин китоб зери назари доктори илмҳои фалсафа, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Нуриддин Саид ба чоп расида, нигоштаҳои он се даҳаи соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.