Бехатарии иттилоот ва амнияти иттилоотӣ

17.07.2020 дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” машғулияти омузишӣ дар мавзуи «Бехатарии иттилоот ва амнияти иттилоотӣ» анҷом ёфт. Дар рафти машғулият мутахассиси соҳа Муҳаммадӣ Ибодуллоев ба иштирокчиён вобаста ба мавзуҳои «Амнияти иттилоотӣ», «Истифода аз абзорҳои муосир», «Кор бо барномаҳои безараргардонии иттилоот», «Барқароркунии почтаҳои электронӣ», «Интихоби рамзҳои боэътимод» ва «Пешгирӣ аз шикастани рамзҳо» маълумоти муфассал дод. Дар машғулият 16 нафар корманди шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иштирок намуда, бо истифода аз барномаҳо оид ба бехатарии итилоот корҳои амалӣ анҷом доданд. Дар интиҳо оид ба натиҷаи машғулият аз шунавандагон санҷиш гирифта шуд. Ёдовар мешавем, ки машғулияти мазкур аз 13.07.2020 оғоз гардида, муддати 5 руз идома ёфт.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.