Баҳрабардории чанде аз иншооти ҷашнӣ

28  августи соли  равон  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои     миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бо  Раиси  Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  шаҳри  Душанбе  муҳтарам  Рустами  Эмомалӣ Комплекси агросаноатии  мурғпарварии  Ҷамъияти  дорои  масъулияти  маҳдуди “Мармарӣ”-ро  дар  ноҳияи Данғара  ва забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро дар шаҳри Душанбе мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  доданд.

Зикр  гардид, ки дар  ин самт ҶДММ “Мармарӣ”-и Данғара калонтарин корхона  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,  инчунин  забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат буда, бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, коррезӣ ва селпарто гузаронида шудааст.

Ҳамчунин  дар  ин рӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами  Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эскимо Мастер” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т.А.»-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи “Эскимо Мастер” дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Федератсияи Русия ба истиқболи ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Боиси тазаккур аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.” корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарбойҷонӣ — “Азкомпозит” таъсис дода шудааст. Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳи корхонаҳо  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии автобусҳо иштирок намуданд. Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.