АСОСҲОИ МАҲОРАТИ ПАРДОЗГАРӢ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН ВА КИНО

Аз 12-уми октябри соли 2022 курси махсус барои пардозгарони шабакаҳои телевизион доир гардида истодааст, ки онро Сайёра Аҳадова пардозгари театри русии ба номи В.Маяковский дар асоси барномаи пешниҳодшуда мегузаронад. Дар машғулият 8 нафар пардозгарони шабакаҳои телевизион иштирок карда истодаанд. Сайёра Аҳадова ба пардозгарон оид ба нозукӣ ва фарқи грими театр аз кино ва барномаҳои телевизионӣ маълумоти муфассал дод. Машғулият то 21 октябри соли 2022 идома хоҳад ёфт.

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.